Аз Умар ибни Хаттоб ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Амалҳо вобаста ба ният ҳастанд ва барои ҳар кас ҳамон хоҳад буд...
صحيح
متفق عليه

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудаанд, ки амалҳои бандагон вобаста ба ниятҳои худи онҳо аст, ки ин як ҳукми умумӣ ва фарогири тамоми...
Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: "Рӯзе мо назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста будем, ногоҳ марде зо...
صحيح
رواه مسلم

Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) хабар медиҳад, ки Ҷабраил (Алайҳи салом) дар сурати марди ношиносе ба назди саҳоба омад, ки либосаш бисёр са...
Аз Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Пушти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар маркабе ки Уфайр ном дошт, нишаста будам. Па...
صحيح
متفق عليه

Паёмбари Худо ҳаққи Худованд бар бандагон ва ҳаққи бандагон бар Худовандро ин гуна баён медоранд: ҳаққи Худованд бар бандагон он аст, ки Ӯро танҳо ибо...
Аз Анас ибни Молик, (Худованд аз ӯ рози бод) омадааст: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар маркабе савор ва Муъоз пушти ӯ нишаста буд, гуфт: "...
صحيح
متفق عليه

Муъоз ибни Ҷабал (Худованд аз ӯ розӣ бод) пушти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савор буд ва Паёмбари Худо ба ӯ гуфт: эй Муъоз! Ва инро се бор...
Аз Ториқ ибни Ашими Ашҷаъӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳар касе "Ло...
صحيح
رواه مسلم

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар кас бо забонаш "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд ва гувоҳӣ диҳад, ки "Нест маъбуди барҳақ магар Алл...

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудаанд, ки амалҳои бандагон вобаста ба ниятҳои худи онҳо аст, ки ин як ҳукми умумӣ ва фарогири тамоми ибодот ва муомилот аст. Пас ҳар кӣ амалеро барои расидан ба ҳадафи муаян ният кунад, ҳамонро ба даст меорад ва барояш подош нахоҳад буд. Ҳар кӣ амалеро барои расидан ба ризои Худованд анҷом медиҳад, барояш аҷр ва подоши нек хоҳад буд, агарчи як амали кам ва оддӣ бошад, монанди хурдан ва нӯшидан. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои тавзеҳи бештари таъсири ният бар амалҳо, ки дар зоҳир барои мо яксон вонамуд мешаванд, мисолҳо оварда баён намуданд, ки ҳар касе аз ватани худ барои дарёфти ризо ва хушнудии Парвардигораш ҳиҷрат кунад, ҳиҷрати шаръӣ ва писандида аст ва барои нияти содиқонаи худ соҳиби аҷр ва савоб мегардад, ва ҳар касе ҳадаф аз ҳиҷраташ дарёфти манфиати дунявӣ, аз ҷумла мол, мансаб, тиҷорат ва ё издивоҷ бошад, аз он ҳиҷрат танҳо ҳамон чизе, ки барои расидан ба он қасд карда буд дармеёбад ва аз аҷру подош баҳрае нахоҳад бурд.
Hadeeth details

Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) хабар медиҳад, ки Ҷабраил (Алайҳи салом) дар сурати марди ношиносе ба назди саҳоба омад, ки либосаш бисёр сафед ва мӯи сараш бисёр сиёҳ буд ва асаре аз сафар, монанди гарду ғубор, либоси чиркин ва мӯйҳои пароканда дар ӯ дида намешуд, ва касе аз ҳозирин, ки назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста буданд низ ӯро намешинохт. Сипас ӯ назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамчун як шахсе, ки мехоҳад чизе биомӯзад нишаст ва ӯ (с)-ро аз Ислом пурсид ва Паёмбари Худо дар посух ба ӯ рукнҳои зерро номбар фармуданд: бар забон овардани калимаи шаҳодатайн, барпо доштани намозҳои панҷгона, адо кардани закот, рӯза доштани моҳи Рамазон ва Ҳаҷ кардан барои касе, ки тавони онро дорад. Вақте суолкунанда ба Паёмбари Худо гуфт: рост гуфтӣ, саҳобагон дар таъаҷҷуб омаданд, ки чигуна шахсе мехоҳад чизе биомӯзад боз дар айни ҳол тасдиқ мекунад. (Яъне посухро худ аз пеш медонад). Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро аз имон пурсид, ва ӯ (с) дар посух аркони шашгонаро зикр намуданд, ки иборатанд аз: имон ба вуҷӯди Аллоҳ ва сифатҳои Ӯ Таъоло, ягонагии Ӯ Таъоло дар афъолаш, ба монанди халқ кардан, ягонагии Ӯ Таъоло дар ибодаташ, имон ба фариштагон, ки Худованд онҳоро аз нур офарида аст ва онон бандагони гиромие ҳастанд, ки нофармонии Худовандро намекунанд ва бо амри Ӯ Таъоло амал мекунанд, имон ба китобҳои нозилшуда бар паёмбарон, ба монанди Қуръон, Таврот, Инҷил ва дигар китобҳо, имон ба паёмбарон, ки дини Худоро нашр мекунанд, ба монанди Нӯҳ, Иброҳим, Мусо, Исо ва охирин паёмбар Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ҳамаашон бод) ва дигар расулон ва паёмбарон. Имон ба рӯзи қиёмат, ки шомили марҳилаҳои баъд аз марг аст, ба монанди қабр, олами барзах ва инки инсон пас аз мурдан зинда карда шуда мавриди ҳисоб қарор мегирад ва сарнавишти ӯ ё ба сӯи биҳишт аст ё ба дӯзах, имон доштан бар инки Худованд тақдири ҳама мавҷудотро мувофиқ бо илми қадими Худ ва иқтизои ҳикмат ва иродааш қарор дода аст ва чигунае ки Ӯ Таъоло муқаддар сохтааст ҳамонгуна офарида ва воқеъ мешавад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)- ро аз эҳсон суол намуд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд, ки эҳсон яъне Худовандро чунон ибодат кунад, ки гӯё Ӯ Таъолоро мебинад, агар ба ин мартаба даст наёфт пас Худовандро чунон ибодат кунад, ки Аллоҳ ӯро мебинад. Мартабаи аввал мартабаи мушоҳада аст, ки болотарин мартаба ва мартабаи дуввум мартабаи муроқибат аст. Сипас аз замони вуқӯъи қиёмат пурсид? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки донистани замони вуқӯъи қиёматро Худованд ба худ ихтисос додааст ва касе аз махлуқот онро намедонад, на суолкунанда ва на шахси суолшуда. Сипас Паёмбари Худоро аз нишонаҳои қиёмат пурсид. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки яке аз нишонаҳои наздик шудани қиёмат зиёд шудани канизон ва фарзандони онон, ё ҳамон бадрафтории фарзандон бо модаронашон аст, ки гӯйӣ бо каниз ва зердасти худ рафтор мекунанд, ва инки дунё чунон бар чӯпон ва фақирон рӯй меорад, ки дар сохт ва ороиши қаср ва баландошёнаҳо бо ҳам фахрфурушӣ мекунанд. Пас аз онки ӯ аз назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мунсариф шуд Паёмбари Худо хабар доданд, ки он шахс Ҷабраил буд, омада буд то ин дини ҳанифро бар саҳобагон биомӯзад.
Hadeeth details

Паёмбари Худо ҳаққи Худованд бар бандагон ва ҳаққи бандагон бар Худовандро ин гуна баён медоранд: ҳаққи Худованд бар бандагон он аст, ки Ӯро танҳо ибодат кунанд ва касеро бо Ӯ Таъоло шарик қарор надиҳанд, ва ҳаққи бандагон бар Худованд он аст, ки касе аз онҳоро, модом ба Худованд касеро шарик қарор намедиҳанд, азоб надиҳад. Сипас Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) гуфт: эй Расули Худо! Оё мардумро мужда надиҳам, то аз ин хушхабар хушҳол шаванд? Аммо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро аз мужда додан боздоштанд, то мардум ба он такя накунанд, (яъне дар ибодат ва амал кӯтоҳӣ накунанд).
Hadeeth details

Муъоз ибни Ҷабал (Худованд аз ӯ розӣ бод) пушти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савор буд ва Паёмбари Худо ба ӯ гуфт: эй Муъоз! Ва инро се бор такрор фармуданд, ки такрори ин қавл инҷо бинобар таъкид ва аҳамияти ончи мегуядро дорад. Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) посухи ҳар се пурсишро ин гуна ҷавоб доданд: "Лаббайка ё Расулаллоҳ ва саъдайка" (Пай дар пай ба ту ҷавоб мегӯям эй Расули Худо ва барои ту хушӣ хоҳонам). Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: Ҳар касе содиқона ва аз қалб гувоҳӣ диҳад, ки ҳеҷ маъбуди бар ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Ӯ Таъоло аст, ва бар ин бовар бимирад Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонад. Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) иҷозат хост, ки оё ин муждаи некро ба мардум бирасонад? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бим аз он дошт, ки мабодо мардум такя бар ин мужда намуда танбалӣ кунанд ва амалашон кам шавад. Муъоз то замони пеш аз марги худ онро ба касе нагуфт, аммо бинобар тарс аз афтодан ба гуноҳи китмони илм онро ошкор кард.
Hadeeth details

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар кас бо забонаш "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд ва гувоҳӣ диҳад, ки "Нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ" ва ончи ғайр аз Аллоҳ парастида мешавад, инкор кунад ва аз ҳама динҳо ҷуз Ислом безорӣ ҷӯяд, мол ва ҷонаш бар мусалмонон ҳаром аст ва ҷуз амали зоҳирӣ дигар амалҳои ӯ марбути мо бандагон нест, ҷон ва моли ӯ дар амон аст, магар инки муртакиби ҷиноят шавад, ки ба муқтазои аҳкоми Ислом муҷозоти ӯ лозим меояд. Ҳисоби ӯ дар қиёмат назди Аллоҳ аст, агар дар имонаш содиқ буд сазовори подош ва агар мунофиқ буд сазовори азоб аст.
Hadeeth details

Марде аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ду хислат, ки яке инсонро ба биҳишт ва дигаре ба дӯзах мебарад чист? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар посух ба ӯ гуфтаанд: Хислате, ки инсонро ба биҳишт мебарад ин аст, ки банда дар ҳоле бимирад, ки танҳо Худовандро ибодат кунад ва касеро бо Ӯ шарик қарор надиҳад. Аммо хислате ки инсонро ба дӯзах мебарад, ин аст, ки ӯ дар ҳоле мемирад, ки ба Худованд чизеро шарик қарор медиҳад, барои Худованд дар улуҳият, рубубият ва номҳо ва сифатҳои Ӯ Таъоло монанд ва шарик қоил шавад.
Hadeeth details

Ҳангоме ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Муъоз ибни Ҷабал (Худованд аз ӯ розӣ бод) - ро ба ҳайси муаллим ва даъваткунанда ба сӯи Аллоҳ ба сарзамини Яман фиристод, ӯро огаҳ фармуд, ки ӯ бо мардумоне аз насоро рӯ ба рӯ хоҳад шуд, то Муъоз омодагӣ барои мувоҷеҳ шудан бо ононро дар худ касб кунад ва даъвати худро аз амалҳои аз ҳама муҳимтар оғоз кунад. Нахуст онҳоро ба сӯи ақидаи дуруст фаро хонад, яъне гӯвоҳӣ диҳанд, ки маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Ӯ Таъоло аст. Зеро калимаи шаҳодат калид ва роҳи вуруд ба Ислом аст, ки агар онҳо калима арза намуда онро пазируфтанд ононро амр барои барпо доштани намозҳо бикунад, Зеро намоз бузургтарини воҷибот баъд аз тавҳид аст. Агар онҳо намозро барпо доштанд, пас сарватмандони онҳоро амр кунад, ки закоти молашонро ба фақирон диҳанд. Сипас Паёмбари Худо Муъозро аз гирифтани беҳтарин амволи онҳо барҳазар доштанд, зеро воҷиб он аст, ки аз амволи миёнаарзиш гирифта шавад. Сипас Паёмбари Худо ба ӯ тавсия кард, ки аз зулм дурӣ ҷӯяд, то мазлуме алайҳи ӯ дуо накунад, зеро дуои мазлум мустаҷоб аст.
Hadeeth details

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки баҳрамандтарин мардум дар рӯзи қиёмат аз шафоати ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) касе аст, ки аз самими қалб ва холисона "Ло илоҳа иллаллоҳ", яъне нест маъбуде барҳақ магар Аллоҳ, бигӯяд ва дар айни ҳол бадур ва пок аз ширк ва риё бошад.
Hadeeth details

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки имон дорои шоха ва вижагиҳои бисёре аст, ки шомил амалҳову эътиқодот ва гуфторҳост. Баландтарин ва беҳтарин вижагиҳои имон гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" бо донистани маъно ва амал кардан ба муқтазои он аст, яъне Аллоҳ ҳамон маъбуди ягонае аст, ки танҳо Ӯ шоистаи ибодат аст. Кӯчактарин шохаи имон аз роҳ дур кардани ҳар чизе аст, ки ба мардум зиён мерасонад. Сипас Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҳаё аз вижагиҳои имон ва хислате аст, ки инсонро ба анҷоми амалҳои зебо ва тарк кардани зиштиҳо бармеангезад.
Hadeeth details

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки Аллоҳ Таъоло худ фармудааст, ки пок аз ҳар гуна шарик аст, Ӯ Таъоло аз ҳама чиз бениёз аст, агар банда амалеро барои Худо ва дар айни ҳол барои ғайри Худо анҷом диҳад, Аллоҳ ӯро раҳо намуда аз ӯ намепазирад ва амалашро ба соҳибаш бармегардонад, Амал бояд танҳо барои ризои Худованд бошад, зеро Ӯ Таъоло танҳо амалеро мепазирад, ки фақат барои Ӯ Таъоло анҷом дода мешавад.
Hadeeth details

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳама уммати ӯ вориди биҳишт мешаванд, магар касе, ки худдорӣ кунад! Саҳобагон (Худованд аз онҳо розӣ бод) гуфтанд: чи касе аз ворид шудан худдорӣ мекунад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: ҳар касе таслим шавад ва аз Паёмбар пайравӣ кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе саркашӣ кунад ва ба қонунҳои шариат таслим нашавад, бо сабаби корҳои бадаш аз ворид шудан ба биҳишт худдорӣ варзидааст.
Hadeeth details

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ифрот ва берун рафтан аз ҳадди шаръӣ дар мадҳ ва ситоиши худ ва васф намудани ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба сифат ва амалҳое, ки хоси Аллоҳ Таъоло аст, ё гуфтани инки ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ғайбро медонад ва ё дар баробари Аллоҳ аз ӯ дуо хостан, чунончи масеҳиён бо Исо ибни Марям карданд, манъ намудааст. Сипас баён намуданд, ки ӯ бандае аз бандагони Аллоҳ аст ва амр фармуданд, ки ӯро банда ва фиристодаи Аллоҳ бигӯем.
Hadeeth details