Маънои "ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ" Имон доштан ба Муҳаммад ва ба ончи, ки ба ӯ нозил шудааст ва инки ӯ охирин паёмбар ба суи башарият аст.
Гуфтугӯ бо донишманд ва касе ки шубҳа дорад, монанди гуфтугӯ бо нодон нест, бинобар ин Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Муъозро огоҳ намуд, ки "ту назди қавме меравӣ, ки аҳли китоб ҳастанд".
Барои раҳоӣ аз шак ва шубҳаҳои шубҳаандозон огоҳ будани мусалмон аз умури дини худаш аст, ки он бо талаби илм ба даст меояд.
Ботил шудани дини яҳудиён ва масеҳиён пас аз биъсати Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва баёни инки онҳо аз зумраи наҷотёфтагон дар рӯзи қиёмат нахоҳанд буд, магар инки ислом бипазиранд ва ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) имон биёваранд.
Share
Use the QR code to easily share the message of Islam with others