Дар ситоиши ман зиёдаравӣ накунед, чунончи насоро дар ситоиши писари Марям зиёдаравӣ карданд, ман бандаи Аллоҳ ҳастам, бинобар ин бигӯед: фиристода ва бандаи Аллоҳ...
Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Дар ситоиши ман зиёдаравӣ накунед, чунончи насоро дар ситоиши писари Марям зиёдаравӣ карданд, ман бандаи Аллоҳ ҳастам, бинобар ин бигӯед: фиристода ва бандаи Аллоҳ".
Шарҳ
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ифрот ва берун рафтан аз ҳадди шаръӣ дар мадҳ ва ситоиши худ ва васф намудани ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба сифат ва амалҳое, ки хоси Аллоҳ Таъоло аст, ё гуфтани инки ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ғайбро медонад ва ё дар баробари Аллоҳ аз ӯ дуо хостан, чунончи масеҳиён бо Исо ибни Марям карданд, манъ намудааст. Сипас баён намуданд, ки ӯ бандае аз бандагони Аллоҳ аст ва амр фармуданд, ки ӯро банда ва фиристодаи Аллоҳ бигӯем.