The Encyclopedia of Ar-Rahman's Guests

Selected material for Pilgrims and Um-rah teaching it in languages of the world

Selected content

Бештар

Selected Quranic verses

"Сафо" ва "Марва" аз нишонаҳои [зоҳири шариати] Аллоҳ таоло аст. Пас, ҳар ки ҳаҷҷи хона [-и Каъба] ё умра ба ҷой меоварад, бар ӯ гуноҳе нест, ки тавофи [саъй] байни он дуро [низ] анҷом диҳад [ва ин кор аз рафторҳои ҷоҳилият шуморида намешавад] ва касе, ки ба майли худ кори неке анҷом диҳад, пас, [бидонад, ки] бе тардид Аллоҳ таоло сипосгузори доност
[سورة البقرة ] • 158
Дар ҳақиқат, нахустин хонае, ки барои [ибодати] мардум қарор дода шуд, ҳамонест, ки дар Макка қарор дорад, ки пурбаракат ва [мояи] ҳидояти ҷаҳониён аст
[سورة آل عمران ] • 96
Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳоли эҳром, шикорро накушед ва ҳар касе аз шумо, ки қасдан онро бикушад, бояд ҳаммонанди он чи ки куштааст, каффорае аз чаҳорпоён бидиҳад, [ба шарте] ки ду нафари одил аз шумо [баробарарзишии] онро таъйид кунанд ва [он гоҳ он каффораро ба сурати] қурбонӣ [ба мустамандони перомуни] Каъба бирасонад ё [муодили баҳои онро] ба тиҳидастони [Ҳарам] ғизо диҳад ё [агар тавони молӣ надошт] муодили онро [дар муқобили ҳар фақир як] рӯза бигирад, то кайфари амали худро бичашад. Аллоҳ таоло он чиро, ки [пеш аз ин таҳрим] гузаштааст, авф намуд ва ҳар ки [ба ин гуноҳ] бозгардад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло аз ӯ интиқом мегирад ва Аллоҳ таоло шикастнопазири додситон аст
[سورة المائدة ] • 95
Сипас бояд олудагиҳояшонро бартараф созанд ва ба назрҳои хеш вафо кунанд ва [гирдогирди] ин хонаи куҳан [Каъба] тавоф кунанд
[سورة الحج ] • 29
Дар он [чаҳорпоёни вижаи қурбонӣ] то замони муайян [ҳангоми забҳ] барои шумо манофеъ [ва баҳраҳое] аст. Пас, қурбонгоҳи онҳо хонаи куҳани [Каъба] аст
[سورة الحج ] • 33
Бештар

Selected prophetic hadiths

Аз Нуъмон ибни Башир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт -ва Нуъмон ду ангушташро ба сӯи гушҳояш бардошт-: "Ҳалол ошкору равшан аст ва ҳаром ҳам ошкору равшан аст ва дар миёни ҳалол ва ҳаром чизҳои шубҳанок вуҷӯд дорад, ки бисёре аз мардум онҳоро намедонанд, пас ҳар касе аз онҳо бипарҳезад дин ва шарафи худро нигоҳ доштааст, ва ҳар касе дар умури шубҳанок афтад дар ҳаром афтидааст, монанди чӯпоне, ки рамаи худро атрофи ҳарими дигарон мечаронад ва эҳтимоли ворид шудани рама ба ҳарими онон аст. Огоҳ бошед, ки ҳар подшоҳ ҳарими худро дорад ва огоҳ бошед, ки ҳарими Худованд ҳамон ҳаромкардаҳои Ӯ Таъолост. Огоҳ бошед, ки дар бадан гӯштпорае ҳаст, ки агар он дуруст шавад тамоми бадан дуруст мешавад, ва агар он вайрон ша­вад тамоми бадан вайрон мешавад, огоҳ бошед, ки он гӯштпора қалб аст".
صحيح
متفق عليه
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигораш ривоят оварда мефармояд: "Ҳамоно Аллоҳ некиҳо ва бадиҳоро навишта сипас онҳоро баён фармудааст, пас касе қасди анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом дода натавонад, Худованд барои ӯ як ҳасанаи комил менависад. Агар касе қасди анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом диҳад, Худованд барои ӯ аз даҳ то ҳафтсад баробар ҳасана ва ҳатто бештар аз он менависад. Агар касе қасди анҷоми амали нораво кунад ва онро анҷом надиҳад, Худованд барои ӯ як ҳасана менависад, аммо агар қасд кунад ва онро анҷом диҳад, Худованд барояш танҳо як бадӣ менависад".
صحيح
متفق عليه
Аз Тамими Дорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Дин (-и ислом) насиҳат аст". Гуфтем: (Насиҳат) барои кист? Гуфт: "(Насиҳат) барои Худо, барои китоби Аллоҳ (Қуръон), барои паёмбараш ва барои пешвоёни мусалмонон ва барои умуми онҳо".
صحيح
رواه مسلم
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) на баддаҳон буд ва на дашномгӯ ва ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегуфт: "Ҳамоно беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқро доранд".
صحيح
متفق عليه
Аз Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Осонгир бошед на сахтгир, муждадиҳанда бошед на мутанаффиркунанда".
صحيح
متفق عليه
Бештар